Иқдоми муштарак бо саховатмандони маҳаллӣ

Октябрь 8, 2014 15:26

 
Душанбе,08.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар арафаи   иди саиди Қурбон, ки 5 октябр таҷлил гардид, намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон бо ҷалби хайркунандагони маҳаллӣ ба оилаҳои ниёзманд кумаки моддӣ,  ки  аз  маводи хӯрокӣ иборат буд, расонид.
     Абдуғаффори Солеҳ -масъули бахши равобити умумии намояндагии Кумитаи мазкур гуфт, ки бо дастури  Сайидмаҳдӣ Ибодӣ -раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон  ҳудуди 750 адад сабади маводи ғизоӣ ва хокаи шустушӯӣ,  инчунин ба ҳар як сабад 1-3 килоӣ гӯшти қурбонии хайирини маҳалӣ изофа  шуда, ба  оилаҳои ниёзманд ва ятимон  тавзеъ дода шуд.
А. Солеҳ афзуд, ки икдомоти кумитаи имдодро хайркунандагони маҳаллӣ ба хубӣ пазируфтанд ва ин боиси ҷалби  бештари онҳо ба кумаку дастгирии табақаҳои ниёзманд гардид. Натиҷаи хуби ин икдом боз ин буд, ки бархе аз шахсони саховатпешаи маҳаллӣ ғайр аз гӯшти қурбонӣ, инчунин ба ниёзмандон сабзавот ҳам кумак намуданд. Ин иқдоми муштараки Кумитаи имдод бо саховатмандони  маҳаллӣ  дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Кӯлоб, Ваҳдат, Хоруғ ва навоҳии  Нурободу Рашт  анҷом дода шуд. 

 

Октябрь 8, 2014 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад