Ифтитоҳи бинои нави беморхонаи марказии Ҷиликӯл ва мулоқот бо роҳбарону фаъолон
Душанбе, 7.10.2014. (АМИТ «Ховар»). -Дар фароварди боздид аз ноҳияи Ҷиликӯл Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии онро ифтитоҳ намуда, дар саҳни ҳавлии ин муассиса бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳия мулоқот намуд.
Зимни боздид аз бинои нави беморхона, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо харҷи 4 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шудааст.
Беморхонаи муосир дуошёна ва дорои 56-ҳуҷраи муолиҷавию корӣ буда, дар он шароити хуби муоинаю муолиҷа барои дардмандон фароҳам оварда шудааст.
Ин бинои табобатӣ дорои шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллудхона ва ташхисгоҳ буда, бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин мебошад.
Чунонки зикр гардид, беморхонаи марказии ноҳияи Ҷиликӯл ба 100 ҳазор нафар сокинони ин ноҳия хизмат мерасонад.
Дар беморхона 30 нафар табибони соҳибтаҷриба ва 142 ҳамшираи шафқат фаъолият мебаранд.
Дар саҳни ҳавлии беморхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногуни мардуми ноҳия мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дод.
Зимни суханронӣ ва посухгӯйӣ ба суолу дархостҳои мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияро таҳлилу баррасӣ намуда, барои таъмини рушди минбаъдаи босуботи ин ноҳияи ҷанубии кишвар ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






