Ифтитоҳи Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон дар Бохтар
Душанбе, 8.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷамоати деҳоти Бустонқалъаи ноҳияи Бохтар бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии Хона- интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон ифтитоҳ ёфт.
Тавре иттилоъ доданд, ин муассисаи будубоши доимӣ барои маъюбони калонсоли гирифтори бемории рӯҳӣ буда, дорои 100 кат-ҷой мебошад. Муассиса бо харҷи 14, 5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ бунёд ёфтааст.
Бино ва иншооти хона – интернат маҷмуавӣ буда, бо тарҳи замонавии мутобиқ ба муассисаҳои иҷтимоӣ сохта шудааст. Маҷмаъа аз 4 бинои истиқоматӣ, 1 бинои маъмурият ва 1 бино барои ошхона ва толори варзишӣ иборат мебошад.
Дар хона – интернати мазкур аввалин бор дар ҷумҳурӣ барои барқароркунии саломатӣ ва тавонбахшии тиббию иҷтимоии маъюбони бемориҳои рӯҳӣ ҳуҷраҳо ва утоқҳои махсусгардонидашуда, аз қабили кордармонӣ, гиёҳдармонӣ, офиятбахшӣ бо истифода аз санъати бадеии расмкашӣ, рақсу мусиқӣ, бозиҳои компютерӣ, китобхона ва толори хониши бадеӣ сохта ва ба истифода дода шудааст.
Дар баробари ин дар дохили маҷмаъа бо мақсади ҷалби маъюбон ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ва варзиш як коргоҳи хурди дӯзандагӣ, кулолгарии миллӣ ва толори бошукӯҳи замонавии варзишӣ бунёд карда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо, утоқҳо ва толорҳои зикргардида бо таҷҳизоти замонавии функсионалӣ муҷаҳҳаз шудаанд.
Дар хона — интернат барои тавонбахшии тиббию иҷтимоии бошандагон ва солимгардонии онҳо ҳамчунин қисмати тиббӣ иборат аз утоқҳои физиотерапевтӣ, дандонпизишкӣ, амрози занона, масҳи табиӣ, муойинаи барқии дил ва тадқиқоти ултрасадо муҳайё шудааст.
Дар ин хона – интернат қариб 80 нафар кормандони ин соҳа бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Хотиррасон бояд намуд, ки ба ҳолати 1 октябри соли равон дар ҷумҳурӣ қариб 600 нафар маъюбони рӯҳӣ, аз ҷумла 259 нафар калонсолон ба чунин хизматрасонӣ ниёз доранд.
Барои фаъолияти мунтазам ва самараноки хона – интернати беморони рӯҳӣ дар ноҳияи Бохтар ва нигоҳубини доимии бошандагони он дар соли равон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 1 млн. 291 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки ин барои ҳар як бошанда ба ҳисоби миёна 1075 сомонӣ дар як моҳ рост меояд.
Хона – интернат дар майдони 7 гектар замини обӣ ҷойгир шуддааст, аз ин рӯ, дар назар дошта шудааст, ки дар муассиса хоҷагии ёрирасон ва якчанд коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ ташкил карда шаванд. Бо ин мақсад, аз ҷумла ҳоло дар ҳудуди хона – интернат як гармхона ва корхонаи хурди мурғпарварӣ сохта шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити хуби дар ин ҷо муҳаёгардида изҳори хушҳолӣ карда, ба масъулини соҳа ва роҳбарияту кормандони муассиса дастур дод, ки нигоҳубини иншоот ва хизматрасонӣ ба ниёзмандонро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, аз хайру савоби ин амалҳои накукорона баҳравар гарданд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






