Ифтитоҳи мактабҳо дар Зафаробод
Зафаробод, 09.10.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- 8 октябр раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дод. Сафари кории рохбари вилоят аз кори ба истифода додани роҳи навбунёди мошингарди Зафаробод-Истаравшан, ки тавассути деҳаи Уяс мегузарад ва ин ду ноҳияро мепайвандад, оғоз ёфт.
Бояд гуфт, ки дарозии роҳи мазкур 23 километр буда, он аз буҷети вилоят бо маблағи зиёда аз 8 миллион сомонӣ навсозӣ ва мумфарш шудааст.
Сипас раиси вилоят дар маросими ба истифода додани мактаби нави № 23-и деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳия иштирок намуд. Мактаби мазкур дар тӯли як сол аз тарафи соҳибкор аз ноҳияи Ҳисор Қурбонмурод Неъматов бо маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта шуда, он аз 10 синфхона иборат буда, барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст.
Баъдан бо иштироки Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷамоати шаҳраки Зафаробод бинои нави иловагии мактаби №22, ки аз буҷети вилоят бо маблағи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта шуда, он дорои 8 синфхона барои 240 ҷойи нишаст мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар анҷоми сафари корӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ҷаласаи кории раиси вилоят бо кишоварзони ноҳия доир гашт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






