Ихтирои 8 навъи нави картошка аз сӯи олимон
Душанбе, 30.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар зарфи 9 соли фаъолияти илмию тадқиқотии пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ дар Тоҷикистон 8 навъи нави картошка, ки баъд аз нон маҳсулоти дуюминдараҷа барои аҳолии кишварамон маҳсуб меёбад, ихтироъ шудааст.
Изатулло Сатторӣ -президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 октябр доир ба ҷараёни корҳои селексионӣ ва минтақабобкунӣ дар истеҳсоли тухмии картошка дар назди кабинаи Ҳукумати ҷумҳурӣ гузориш дод. Зикр шуд, ки майдони кишти картошка дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон то 1 сентябри соли равон 36,3 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва аз ҳар гектар аз 160 то 400 сентнерӣ ҳосил бояд ҷамъоварӣ шавад. Дар иртибот ба рушди соҳаи картошкапарварӣ дар кишвар Академияи илмҳои кишоварзӣ ва дигар сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки барои ихтирои навъҳои нави пешпазак ва миёнапазак, васеъ намудани майдони кишти тирамоҳӣ, баҳорӣ ва такрории картошка тадбирҳои зарурӣ андешанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






