Иловаҳо ба қонуни милитсия: пешниҳоди Ҳукумат

Октябрь 14, 2014 10:10

Душанбе, 14.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик палатаи поёнии Парлумони мамлакат пешниҳоди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ворид намудани иловаҳо ба лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» -ро баррасӣ ва қабул намояд.
             Ин масъала  дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид.
      Саттор Холов-вакили  Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки зарурати ворид намудани иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» пешгирӣ ва бартараф намудани  бетартибиҳои оммавиест,  ки иштирокчиёни гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо метавонанд содир намоянд,  инчунин ҳифзи амнияти давлат ва таъмини бехатарии шаҳрвандон аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ  мебошад.
            Тавре ки зикр гардид, лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ва қабул ба Парлумон ироа гардидааст.
          Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Оид ба ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»-ро баррасӣ намуданд. 

Октябрь 14, 2014 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст