Иловаҳо ба қонуни милитсия: пешниҳоди Ҳукумат
Душанбе, 14.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик палатаи поёнии Парлумони мамлакат пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ворид намудани иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» -ро баррасӣ ва қабул намояд.
Ин масъала дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид.
Саттор Холов-вакили Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки зарурати ворид намудани иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» пешгирӣ ва бартараф намудани бетартибиҳои оммавиест, ки иштирокчиёни гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо метавонанд содир намоянд, инчунин ҳифзи амнияти давлат ва таъмини бехатарии шаҳрвандон аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ мебошад.
Тавре ки зикр гардид, лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ва қабул ба Парлумон ироа гардидааст.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»-ро баррасӣ намуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






