Ирсол ва воридшавии номаҳои табрикӣ ба муносибати иди Қурбон

Октябрь 4, 2014 12:17

 
Душанбе, 4.10.2014. (АМИТ «Ховар»).  Дар иртибот бо фарорасии иди мусулмонони тамоми ҷаҳон – Иди Саиди Қурбон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба сарони кишварҳои олами Ислом, аз ҷумла кишварҳои Шарқи Наздик, Халиҷи Форс, Африқо, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо паёми табрикӣ ирсол намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол ба мардуми ин кишварҳои ҳамдину дӯсту бародар сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу намуд.
Дар арафаи ин иди мубораки Қурбон аз номи роҳбарони кишварҳои мусулмонӣ ва дигар давлатҳо ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ номаҳои шодбошӣ расиданд. Дар ин паёмҳо ба мардуми Тоҷикистон ва Сарвари он орзуи пирӯзиву муваффақият, ва хушрӯзиву саодат иброз шудааст.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат идома дорад.
 

Октябрь 4, 2014 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад