Иштироки Э. Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё
Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкур бо аксбардории умумии сарони давлатҳои иштирокдори ин созмон оғоз ёфт.
Дар ҷаласа ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети иттиҳод барои соли 2013, ворид намудани тағйирот ба буҷети он дар соли 2014 ва масоили вобаста ба барҳам додани Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ҳамкории иқтисодии кишварҳои пасошӯравӣ дар заминаи дигар созмонҳои ин қаламрав баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, бо вуҷуди барҳам хӯрдани ин созмон котиботи он то оғози соли оянда ва ба фаъолият шуруъ намудани созмони иқтисодии нав, ки ба он ҳоло танҳо Русия ва Беларусу Қазоқистон шомил шудаанд, кори худро идома хоҳад дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






