Иштироки Президент дар карнавали Душанбе-90
Душанбе, 19.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар боғи Наврӯзгоҳи пойтахт ба истиқболи солгарди 90-уми шаҳри Душанбе карнавали бошукӯҳи идона баргузор шуд, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти олии ҳокимияти давлатии қонунбарор ва иҷроияи Тоҷикистон, меҳмонони сершумор аз дохилу хориҷи мамлакат ва сокинони бешумори Душанбешаҳри нозанин иштирок намуданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар майдони Нишони давлатии Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва аҳли ҷамоаи пойтахт бо шукӯҳи хоса ва шукргузории самимӣ аз фазои орому осуда ва ободию сарсабзии ватани азизамон истиқбол гирифтанд.Барои карнавали идона бахшида ба солгарди 90-уми шаҳри дилорои Душанбе аз майдони Нишони давлатии Тоҷикистон то боғи зебои Наврӯзгоҳ ҳама ҷо ба таври идона ороста буд.Таҳиягарону ташкилкунандагони ин тантанаи бузург саҳни шаршараи боғи Наврӯзгоҳро макони марказии карнавали идона интихоб намуда, онро хеле зебо ороста буданд.Дар барномаи бошукӯҳи карнавали идона устодони санъату фарҳанг, аз театрҳои касбӣ, дастаҳои гуногуни ҳунарӣ, сарояндагону навозандагони шинохта ва ҳам гулғунчаҳои наврӯидаи санъати тоҷик иштирок намуда, фазои бошукӯҳи идона ба миён оварданд.Аз чеҳраҳои хандону шукуфон ва дилхушии иштирокдорону бинандагони ин тантанаи бузург ҳувайдо буд, ки ин карнавали шукӯҳманди хотирмон дар хотири кулли онҳо то дер нақш хоҳад баст.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






