Иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқот аз рӯи гӯштии тарзи дзюдо
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). – Аз 16 то 18 октябр дар шаҳри Тошканд мусобиқот аз рӯи гӯштии тарзи дзюдо барои дарёфти мукофоти асосӣ баргузор мешавад.
Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин мусобиқот 10 нафар варзишгарони кишвар аз рӯи 6 намуди вазн иштирок мекунанд.
Аз ҷумла, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 66 килограмм, Расул Абдушарифов дар вазни 73 килограмм, Саидмухтор Расулов дар вазни 81 килограмм, Саидҷамол Алимардонов, Комрон Қарлиқов дар вазни 90 килограмм, Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов дар вазни 100 килограмм, Неъматулло Асронқулов, Дадахон Қурбоналиев ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 килограмм қувваозмоӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқот аз рӯи гӯштии тарзи дзюдо барои дарёфти мукофоти асосӣ бори нахуст моҳи октябри соли 2013 баргузор гардида, дар он варзишгарони қариб 20 кишвар ширкат доштанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






