Конфронси байналмилалӣ аз рӯи масоили ҳамгироӣ

Октябрь 10, 2014 13:50

Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ «Ховар»). – 9  октябр дар   шаҳри  Маскав Конфронси  9 – уми илмию  амалии байналмилалии Бонки  рушди АвруОсиё  таҳти  унвони «Ҳамгироии иқтисодии  АвруОсиё»  ба  кораш  шурӯъ  намуд. 
Назар  ба  хабари  Бонки  рушди  АвруОсиё,  мақсади  асосии  конфронс  иборат  аз  ҷустуҷӯи  роҳҳои  рушди  минбаъдаи  ҳамгироии  АвруОсиё дар  партави Шартнома  дар  бораи  таъсиси Иттиҳоди иқтисодии  АвруОсиё  мебошад, ки  фаъолияти он аз  1  январи  соли  2015  оғоз  меёбад. 
Иштирокдорони  конфронс  доираи  васеи  масоили  ҳамгироии АвруОсиё,  аз ҷумла  самтҳои  асосии  ҳамкорӣ дар  соҳаҳои  муҳими  иқтисодиёт,  масоили  густариши  кооператсияи  саноат, интиқоли сармоя, ташаккули усулҳои  ягонаи  танзими  техникии  бозори  мутақобилаи  меҳнат  дар  ҳошияи Иттиҳоди иқтисодии Аврупоро  мавриди  муҳокима  қарор  медиҳанд.
Қобили  зикр  аст, ки   ҳар  сол  дар  конфронсҳои  бонк   коршиносони   асосии   Тоҷикистон,  Русия,  Беларус,  Қазоқистон,  Арманистон,  Қирғизистон ва  кишварҳои  дигар, намояндагони  давлатҳои  узви  бонк,  созмонҳои  ҷаҳонӣ ва иттиҳодияҳои  муттаҳид   ширкат  менамоянд.
Гузоришҳои  бештар  ҷолибу  муҳими  иштирокдорони  конфронс дар  маҷаллаи «Ҳамгироии  иқтисодии АвруОсиё»,  ҳафтавори «Eurasian Integration Yearbook», ҳамчунин  дар  сомонаи  бонк  нашр  мешаванд.
Ёдовар  мешавем, ки  Бонки  рушди  АвруОсиё созмони  молиявии  байналмилалӣ  ба  шумор  рафта, онро  Русия  ва  Қазоқистон  соли  2006 ба  манзури  мусоидат ба рушди иқтисоди  бозаргонии давлатҳои аъзои  созмон,  густариши  устувори  иқтисодӣ  ва  вусъат  бахшидани равобити  мутақобилаи тиҷоратию  иқтисодӣ таъсис  дода буданд. Сармояи  асосии Бонки рушди  АвруОсиё  1  миллиарду 500 миллион  доллари  ИМА – ро  ташкил  дода, Ҷумҳурии  Арманистон, Ҷумҳурии  Беларус,  Ҷумҳурии  Қазоқистон,  Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи  Русия  ва Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аъзои он  мебошанд.

Октябрь 10, 2014 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!