Корхонаи нави коркарди пахта
Душанбе, 8.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди пахта, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ роҳбари ширкати Водии Заррин Фирдавс Валиев бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.
Чунонки иттилоъ доданд, ин корхона бузургтарин чунин корхона дар Тоҷикистон буда, метавонад дар як шабонарӯз 800 тонна ва дар як сол беш аз 60 ҳазор тонна пахтаро коркард намояд. Ин корхонаи азим бо сарфи 31 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар майдони 9 га бунёд ёфтааст.
Дар ин корхона нахи пахта аз чигит бо технологияи навтарини ин соҳа ҷудо карда шуда, бастабандӣ мешавад. Дар ҳар ду дақиқа дар ин ҷо як баста нахи пахта бароварда мешавад.
Ҳоло дар корхона 165 нафар дар ду баст бо кори доимӣ ва моҳонаи миёнаи 1700 сомонӣ таъмин гардидаанд.
Ширкати Водии Заррин ҳамчунин дорои 1000 га замини корами обӣ буда, пахтаи хоҷагиҳои дигарро низ барои коркард харидорӣ мекунад.
Кишоварзони соҳибтаҷрибаи ин ширкат дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа як навъи нави пахтаро бо номи Водии Заррин ҳосил кардаанд, ки аз ҳар гектар замин беш 60 сентнерӣ пахта медиҳад.
Бунёдкорони ин корхона тасмим доранд, ки ояндаи наздик боз як корхонаи равғанкашӣ ва корхонаи коркарди чигити тухмӣ таъсис дода, минбаъд бо бунёди силсилаи корхонаҳои коркарди амиқи нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоиро аз он ба роҳ монанд.
Дар ҳудуди ҳамин корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






