Корманди суд ҷиноят содир кард
Душанбе, 13.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Асроров Азимҷон, котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо далели гирифтани пора дастгир гардид.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ин ниҳод, номбурда барои ба манфиати театри анъанаҳои миллии «Гаҳвора» бекор кардани ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, ҳарчанд тағйири ин қарор ба салоҳияти А. Асроров дохил намешавад, аз шаҳрвандон- Ҳоҷимуродова, Шокирова ва Толиббекова тобистони соли равон дар маҷмӯъ 52 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст.
Дар айни замон А. Асроров боздошт шуда, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






