Корвони дидор

Октябрь 9, 2014 11:11

Душанбе, 09.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-  Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи хизмативу маишии афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамоҳангӣ бо комиссариати ҳарбии ин минтақа, бо ҷалби волидон, аҳли зиё ва дигар шахсони дахлдор корвони дидор ташкил намуда, аз вилояти Хатлон ба гарнизони Хоруғ сафар намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, ҳадафи корвони дидор шиносоии волидон бо шароити зисти фарзандон, вазъи хизмати ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ ва дар маҷмӯъ, ҳолати кунунии Қувваҳои Мусаллаҳ буда, аз ҷониби дигар он ҷиҳати тарғибу ташвиқи хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани обрӯю нуфузи Артиши миллӣ дар миёни аҳолӣ, ҳавасмандии ҳайати шахсӣ зимни адои вазифаи ҷавонмардӣ ва аз ҳама асосӣ, ба дарки худшиносиву ватанпарастии сарбозон мусоидат менамояд.
Дар қароргоҳи яке аз дастаҳои марзии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати меҳмонон ва волидони сарбозонро дар сатҳи лозимӣ истиқбол намуданд. Масъули қисми низомии мазкур полковник Аслам Назаров зимни суҳбат онҳоро бо вазъи кунунии ин воҳиди ҳарбӣ, шароитҳои хизмативу маишии ҳайати шахсӣ ва бо тартибу низоми хизмати ҳарбӣ дар ин Отряди сарҳадӣ аз наздик шинос намуд.
Сипас, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, намояндагони Комиссариати ҳарбии ин минтақа, шоирону нависандагон ва як гурӯҳ волидони сарбозон дар назди ҳайати шахсӣ баромад карда, ҳадафи сафари хешро ба қисмҳои низомии гарнизони Хоруғ иброз намуданд. Дар ҷараёни суханрониҳо зикр шуд, ки давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳаққи хизматчиёни ҳарбӣ ва умуман муҳофизони Ватан ғамхории зиёд зоҳир менамояд.
Баъд аз анҷоми сӯҳбату вохӯриҳо меҳмонон, волидони сарбозон, таҳти роҳбаладии масъулини қисми низомӣ, бо тамоми шароитҳои хизмативу фароғатии муҳофизони имрӯзаи Ватан аз наздик шинос гардиданд. Мувофиқи маълумоти комиссари ҳарбии шаҳри Кӯлоб полковник Дилмурод Назаров тибқи нақша аз як мавсим то мавсими даъвати дигар баргузории чунин чорабиниҳо, аз қабили корвони дидор, аёдату шиносоии волидон дар қисмҳои низомӣ бо шароитҳои зисти фарзандон, ташкили вохӯрии толибилмону ҷавонони то синни даъватӣ бо сарбозон ва ҷалби собиқадорону пирони рӯзгордида дар таълиму тарбияи насли наврас аз корҳое мебошанд, ки вобаста ба самтҳои кори комиссариат пайваста амалӣ мешаванд.

Октябрь 9, 2014 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад