Кумаки ДМИТ ба мактаб-интернат
Душанбе, 07.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Раёсати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) дар арафаи иди саиди Қурбон ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои идона, аз ҷумла як адад телевизори замонавӣ, як адад компютер бо тамоми таҷҳизотро ба маблағи қариб 7 ҳазор сомонӣ тақдим намуд.
Директори мактаб-интернат Мукаррама Неъматова барои дастгирӣ ва кумаки моддиву маънавии донишкада, ки мунтазам ба бошандагони ин таълимгоҳ расонида мешавад, аз номи таълимгирандагон изҳори миннатдорӣ намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






