Курсҳои байналмилалии мураббиҳои дастаҳои футбол
Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). – Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе курсҳои даҳрӯзаи байналмилалии мураббиҳои дастаҳои футбол аз рӯи барномаи ҳамоҳангсозии олимпӣ идома доранд.
Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, футболбози номӣ, бозингари беҳтарини таърихи футболи Беларус собиқ қаҳрамони Аврупо дар ҳайати дастаи мунтахаби ИҶШС, собиқ ниммуҳофизатгари дастаи «Динамо» — и шаҳри Минск ва дастаи «Ювентус» — Италиё Сергей Алейников роҳбари курсҳои зикршуда ба шумор меравад.
Курсҳои байналмилалии мураббиҳои дастаҳои футбол бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи кишвар роҳандозӣ шуда, 25 нафар мураббиҳои бахши футболи минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ шунавандагони он мебошанд.
Дар маросими ифтитоҳи курсҳо дабири кулли Кумитаи миллии олимпии ҶТ Баҳрулло Раҷабалиев ва дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев ба Сергей Алейников барои ризоияташ ба доир намудани курсҳои байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ карданд.
Б.Раҷабалиев ва И.Маҳмадшоев изҳори умедворӣ намуданд, ки мураббиҳои бахши футбол донишҳои дар курсҳо бадастовардаашонро дар фаъолияти минбаъдаашон истифода хоҳанд кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






