М. Убайдуллоев: «Зиракии сиёсиро аз даст надиҳед»
Душанбе, 22.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар доираи сафари расмиаш раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Русия бо роҳбарони ҷамъиятҳою иттиҳодияҳои тоҷикон ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия мулоқот анҷом дод. Мулоқоти М. Убайдуллоев бо намояндагиҳои ҷамъяитҳои тоҷикони муқими Русия дар меҳмонхонаи «Президент- отел»- и Маскав ҷараён гирифта, тӯли чор соат идома ёфт. Дар мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазъи кору рӯзгор ва пешрафту мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, илова ба ахбори расмӣ, аз наздик шинос гардида, вобаста ба ҳар як масъалаи аз ҷониби ширкаткунандагон матраҳшуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон аз иқдом ва муҳтавои суханронии раиси Маҷлиси миллӣ дар иртибот ба ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тақвияти тадбирҳо ҷиҳати таъмини ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои будубоши онҳо дар Русия изҳори сипос намуданд. Зикр гардид, ки ин ибтикор эҳтиром ва эътимоди онҳоро нисбат ба кафолатҳои конститутсионӣ ба шаҳрвандон аз ҷониби давлат боэътибор месозад.
Дар фарҷом Маҳмадсаид Убайдуллоев аз номи роҳбарияти кишвар ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои саҳми арзандаашон дар пешрафту ободии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд. Мавсуф аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон даъват ба амал овард, ки бо азхудкунӣ ва риояи қонунҳо ва таъриху фарҳанги кишвари будубош дар ҳифзи ҳуқуқҳои худ устувор монанд. Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон бо дахли ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ватанпарастӣ таъкид кард, дар ҳамбастагӣ алайҳи ҳама гуна таблиғоти ифротгаронаву иғвоангез, ки ба ваҳдат ва суботи кишвар халал ворид месозанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар мулоқот муовинони раиси Маҷлиси миллӣ Абдураҳмон Қодирӣ ва Шодихон Ҷамшед, ки ҳамзамон раисони вилоятҳои Суғду Бадахшон мебошанд, инчунин Муродалӣ Алимардон — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар иштирок доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






