Мақоми Хуҷанд дар таърихи шаҳрдории тоҷикон

Октябрь 7, 2014 15:37

Душанбе, 07.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 20-солагии қабули Конститутсия (Сарконун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 600-солагии зодрӯзи мутафаккири бузург Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти унвони «Фарҳанг ва суннати шаҳрдорӣ: Мақоми Хуҷанд дар таърихи шаҳрсозӣ ва шаҳрдории тоҷикон» конфронси илмӣ- амалӣ баргузор гардид.  
Тавре аз маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ хабар доданд, дар конфронс ректори донишгоҳ Ғафурҷон Усмонов сухан гуфта, зикр намуд, ки  халқи тоҷик яке аз халқиятҳои қадима ва дорои фарҳангу маданияти арзишманд дар минтақа эътироф гаштааст.  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш борҳо таъкид кардааст: «Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти устувори миллат ва ҷомеа дар ҷаҳони муосир, қабл аз ҳама, ба ифтихори баланди милливу ватандорӣ, худшиносиву худогоҳии афроди он ва садоқату муҳаббати фарзандонаш ба ин сарзамини аҷдодӣ вобаста мебошад». Маҳз андешаҳои воло ва осори гаронбаҳои абармардони миллати мо буд, ки фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар тӯли таърих бо вуҷуди он ҳама фишорҳои сиёсиву мафкуравии бегонагон мақом ва мартабаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст. 
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой  Аҳмадзода роҷеъ ба шаҳри Хуҷанд ва ҷойгоҳи он дар фарҳангу тамаддуни шаҳрсозӣ ва шаҳрдории мардуми Шарқ баромад карда, аз ҷумла қайд намуд: «Таърихи шаҳр хеле қадиму пурғановат буда, ба қаъри асрҳо меравад ва саҳифаҳои пуршарафу нотакрори он ибратбахш ва боиси ифтихор мебошад. Дар ин авроқ саргузашт, рӯзгор ва роҳи бузурги тайкарда, таҷрибаи мардум, робитаи асрҳо ва наслҳо, гузаштаи қаҳрамонона ва ҳаёти имрӯзаи сабзу ҷовидони шаҳр ва сокинони он таҷассум ёфтааст. Хуҷанд дар солҳои минбаъда ободу зебо ва ба яке аз марказҳои бузурги маъмурӣ, саноатӣ, фарҳангии мамлакат табдил ёфт.
Дар фарҷоми конфронс ба муносибати Рӯзи омӯзгорон аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд якчанд олимон ва устодони донишгоҳи мазкур бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд. 
 

Октябрь 7, 2014 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба вазифаҳои илми муосири иқтисодӣ конференсия баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Сарфаҷӯии неруи барқ яке аз омилҳои таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд
Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон хокбориш ба амал меояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво 16 дараҷа гарм мешавад
Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо фаъолони ҷамъиятӣ ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Қазон мулоқот намуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дараҷаи тиллоии Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овард
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст