Маҳфили эҷодии Сайдалӣ Маъмур

Октябрь 17, 2014 10:46

Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 50- солагаи фаъолияти эҷодӣ ва 70 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Сайидалӣ Маъмур маҳфили эҷодии шоир баргузор гардид.
Дар маҳфил шоирону адибон Гулназар, Камол Насрулло, Раҷаби Мусулмониён, Кароматулло Мирзо, Атахон Сайфуллоев, Усмонҷон Ғаффоров, Сайидумари Султон, Аҳмадҷони Раҳматзод ва дигарон роҷеъ ба ҷанбаҳои муҳими эҷодиёти Сайидалӣ Маъмур сухан гуфтанд.

Октябрь 17, 2014 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш