Маҳсулоти «Хуаксин Ғаюр Семент» меафзояд

Октябрь 10, 2014 13:49

Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – Тайи  9  моҳи  соли  ҷорӣ  дар  Тоҷикистон 864 ҳазору  300 тонна  семент тавлид  шуд, ки  назар  ба  ҳамин  давраи  сол  гузашта  баробари 774  ҳазору 600 тонна  зиёд  аст. Дар  ин  бора  аз Вазорати  саноат ва технологияҳои нави  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар» хабар  доданд. 
Қисми  зиёди  сементи дар  ҷумҳурӣ  истеҳсолшуда ҳиссаи  корхонаи «Хуаксин Ғаюр Семент» мебошад. Корхонаи  мазкур  то  ин  дам 652  ҳазору 400  тонна  семент  истеҳсол  кардааст. 
Мувофиқи пешбинии мутахассисон,  то  охири   соли  ҷорӣ  истеҳсоли  семент  дар  кишвар  ба 1  миллион  тонна расонида  мешавад, ки  ин вуруди  семент  ба  кишварро, бешубҳа,  коҳиш  медиҳад. 
Алҳол  дар  Тоҷикистон  10  корхонаҳои  семент  фаъолият  доранд, ки «Хуаксин Ғаюр Семент» ва «Сементи тоҷик» калонтарини  онҳо  ба  шумор  мераванд.
Ёдовар  мешавем, ки  соли  2013  дар  Тоҷикистон  385 ҳазор тонна семент истеҳсол  шуда,   тавлиди он  нисбат ба нишондодҳои соли гузашта  баробари  75  фоиз  афзуд.

Октябрь 10, 2014 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад