«Маҷолиси сабъа”
Душанбе, 14. 10. 2014. (АМИТ “Ховар”, Ҳотами Шариф).- Олимони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ҳ. Мақсудов, М. Сафаров, Ғ. Турсунов, А. Эшонхонов асари насрии мутафаккир ва шоири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Румиро таҳти унвони “Маҷолиси сабъа” интишор намуданд. Ин нахустин нашри китоби мазкур бо хати кириллӣ буда, дар асоси матни тасҳеҳшуда ва тавзеҳёфтаи доктор Ҳ. Субҳонӣ баргардон шудааст.
Муҳаррири масъули китоб ва муаллифи сарсухан доктори илми фалсафа профессор Хуршед Зиёев мебошад. “Маҷолиси сабъа” асари нисбатан хурдтари Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ буда, мавзӯотеро, ки дар вохӯриҳои мутафаккир бо доираи васеи мардум матраҳ шудаанд, дар бар мегирад. Ин китоб агарчи мазмуни сӯфиёна дорад, то вохӯрӣ бо Шамси Табрезӣ навишта шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






