«Масъалаҳои муҳими кимиё ва фармакология» — конфронси илмӣ
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 80-умин солгарди олими шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои тиб, фармаколог, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Ҳайдаров таҳти унвони «Масъалаҳои актуалии кимиё ва фармакология» конфронси илмӣ доир гардид.Тавре ки аз Акдемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар конфронс президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва дӯстону наздикони соҳибҷашн сухан гуфтанд.Дар конфронс дар мавзӯъҳои «Дар бораи академик Ҳайдаров Карим Ҳайдарович: Аз пайдоиш ва ташаккулёбии илми фармакология дар Институти химияи ба номи И. В. Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Фармакологияи бархе аз маҷмаи антидиабетӣ дар асоси растаниҳои давоии Тоҷикистон», «Муаммоҳои муосири синтези пептидҳо ва таҳияи маводи давоии пептидӣ», «Синтез ва ҷудосозии маводи холелитолитӣ дар асоси бархе аз стероидҳо ва маҳсулоти рустаниҳои давоӣ» аз ҷониби олимони соҳа маърӯзаҳои пурмуҳтаво шунида шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






