Машваратҳои иттилоотӣ дар Чкалову Қайроққум
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар шаҳрҳои саноатии Қайроққум ва Чкалов машваратҳои иттилоотӣ доир шуданд.
Машварати иттилоотӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Қайроққум бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳои Консой, Адрасмон, Зарнисор, Чоруқдаррон, Сирдарё ва Навгарзан, раисони кумитаҳои маҳалла, кормандони соҳаҳои мухталиф ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ки 110 нафар буданд, дар шакли мизи мудаввар гузашт.
Иштирокчиён зимни суҳбати озод ва саволу ҷавоб аз таъсиси шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират изҳори хурсандӣ карда, пешниҳод намуданд, ки субъектҳои хоҷагидор дар минтақаҳо ҳам фаъолияташонро ба роҳ монанд.
Гуфта мешавад, ки дар машварати иттилоотӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов навгониҳои қонунгузории Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират ва қоидаҳои муҳоҷирати бехатар ба иштирокчиён фаҳмонида шуданд. Аҳли толор аз он изҳори хурсандӣ намуданд, ки эътибори давлату ҳукумат ба муҳоҷирони меҳнатӣ рӯз то рӯз беҳтар мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






