Мизи мудаввар бахшида ба ҷашни Сарқонун

Октябрь 28, 2014 15:26

Душанбе, 28.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз бо иштироки кормандони соҳаи фарҳанг ва мутахассисони соҳавӣ бахшида ба 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯи «Нақши Конститутсия дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид. 
Дар конфронс масъалаҳои нақши Конститутсия дар ҷомеаи имрӯз ва нақши Конститутсия дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 
Гуфта шуд, ки бо шарофати қабули Қонуни асосии давлат- Конститутсия  сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати фарҳангии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва зина ба зина татбиқ шуда, барои рушди устувор ва бемайлони фарҳанги миллӣ дар мамлакат фазои мусоиду озод фароҳам омадааст.  
Дар фарҷом иштирокчиён оид ба масъалаҳои семинар аз гузоришдиҳандагон ба саволҳояшон посух гирифтанд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.
 
 
 
 

Октябрь 28, 2014 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад