Муҳокимаи масоили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
Душанбе, 02.10.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — 1 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамгироии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СААД аз рӯи масоили мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид.
Тавре ки аз СААД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа роҳбарони мақомоти салоҳиядори давлатҳои узви СААД оид ба масоили мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳамчунин намояндагони Хадамоти танзимотии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ИДМ ширкат доштанд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин масоили муносибати нав ба ташкили кор барои муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва танзими он тибқи қонуну меъёрҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зикр шуд, ки Шӯрои ҳамгироӣ усулҳои амалии ташкили ин корро тарҳрезӣ намуд, ки он ба тайи 7 соли охир муваффақона роҳандозӣ шудани чорабиниҳои фаврии ҷилавгирӣ ва амалиёти махсус барои муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, аз ҷумла одамрабоӣ таҳти унвони шартии «Нелегал» мусоидат намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






