Муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон дар Эрон
Душанбе, 10.10.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон ва ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар дар симпозиуми байналмилалии “Рушди туризм баҳри ба ҳам овардани фарҳангҳо ва беҳдошти фазои экологии ҷаҳон”, ки аз 14-ум то 16-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор мешавад, оид ба мавзӯи мазкур сухан мегӯяд.
Бино ба иттилои мудири бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров, дар чорабинии мазкур, ки бо дастгирии бевоситаи СММ баргузор гардида истодааст, зиёда аз 30 давлати дунё иштирок менамояд. Руслан Шодиков бо истифода аз ин фурсати муносиб бори дигар имкониятҳо ва самтҳои афзалиятноки ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистонро барои иштирокчиёни симпозиум муаррифӣ мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






