Муборизаи СААД бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
Душанбе, 1.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳо-аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар мавзӯи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Котиби генералии СААД Николай Бордюжа, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, муовини директори Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия Анатолий Кузнетсов, намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, хадамотҳои кор бо муҳоҷират, шиносномавию раводид, назорати наздисарҳадӣ ва дигар мақомоти дахлдори ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Беларус, Қирғизистон ва Арманистон (аъзои СААД) иштирок намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои ташкили кор дар самти муқобилият бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, батанзимдарории он тибқи талаботҳои қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, беҳтар намудани чораҳои таъсирбахши пешгирикунанда, ҳамчунин ҳамкориҳои хадамотҳои муҳоҷират бо мақомоти назорати наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ зарур аст, ки бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ мубориза бурда шавад.
Дар шароити муқобилият бо таҳдидҳои муосир фаъолияти якҷоя дар чорчӯбаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони салоҳиятдори давлатҳо-аъзои СААД бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ аҳамияти бештар касб мекунад. Ҳамасола чорабиниҳои фаврӣ-пешгирӣ дар самти муқобилият ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо номи шартии «Ғайриқонунӣ» («Нелегал») бомуваффақият гузаронида мешаванд.
Иштирокчиёни ҷаласа инчунин оид ба натиҷаҳои амалигардонии мушоҳидаи вазъи муҳоҷират бо мақсади пешгӯии рушди минбаъдаи ин самт ва муайянсозии роҳҳои нави муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз кишварҳои сеюм ибрози назар намуданд. Ҳамчунин оид ба масъалаҳо дар самти мубодилаи иттилоот, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони паноҳҷӯянда, гурезаҳо ва ҳамкориҳои муштараки давлатҳо-аъзои СААД мубодилаи афкор сурат гирифт.
Чаласаи имрӯза барои ба ҳадафи умумӣ расидан дар самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ саҳми арзанда гузошта, барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои минбаъда байни мақомоти дахлдори давлатҳо-аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мусоидат хоҳад кард.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






