Мулоқотҳои М.Убайдуллоев бо роҳбарони Парлумони Русия
Душанбе, 24.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Масоили марбут ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия, хусусан ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави ин кишвар дар меҳвари мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳамтои русаш -раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко қарор дошт.
Дар ҷараёни мулоқот, ки дар он ҳайати Тоҷикистон низ ҳузур дошт, масъалаҳои мубрами тақвияти равобити ҳасана байни Тоҷикистону Русия дар заминаҳои иқтисоду тиҷорат, ҷалби инвеститсияи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон, ҳамкориҳои илму фарҳангӣ ва гуманитарӣ матраҳ гардиданд. Ҳамзамон мусоҳибон бо баррасии авзои феълии минтақа ва ҷаҳон масоили марбут ба ҳифзи сарҳадот, муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунини маводи мухаддир ва таҳдидҳои дигари зуҳуроти номатлуби замони муосирро баррасӣ карданд.
Инчунин, дар ҷараёни мулоқот ҳолати татбиқи созишномаҳои дуҷонибаи қаблан байни ду кишвар ба имзо расида муҳокима гардид. Дар ин самт гурӯҳи кории муштарак созмон дода шуд. Таъкид гардид, ки барои амалӣ гардонидани ҳамагуна қарорҳову созишномаҳои қабулгардида дар Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон — Русия: нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» минбаъд дар 2 сол як маротиба ва ҷаласаҳои Комиссияи байнипалатавии амалкунанда байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия соле накам аз 2 бор доир карда шаванд.
Бояд тазаккур дод, ки раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни сафари расмияш ба Маскав ҳамзамон бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин мулоқот анҷом дод.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






