Мулоқот бо ҷавонони синни даъватии пойтахт

Октябрь 8, 2014 11:12

 
Душанбе,08.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Ҳафтаи равон дар ноҳияҳои Сино, Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои раиси Комиссияи даъвати ҷумҳурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, фаъолон, аъзои комиссияи даъвати ноҳиявӣ ва ҷавонони синни даъватӣ вохӯриҳо  доир намуд. 
Бино ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҷараёни чорабинӣ аъзои Комиссияи даъвати ҷумҳурӣ ва меҳмонон  перомуни тарбияву таълими дурусти наврасону ҷавонон сухан карда,онҳоро ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии диёр, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини амният, ҳимояи марзу буми кишвар ҳидоят намуданд. 
Дар фарҷоми мулоқотҳо маҳфили саволу ҷавоб доир шуда, миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи баргузории мулоқотҳо, пеш аз ҳама татбиқи саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хизмати муқарраргардидаи ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1987-1996», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонон мебошад.
 
 

Октябрь 8, 2014 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст