Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритус

Октябрь 12, 2014 11:57

Душанбе, 12.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритуси вилояти Хатлон мулоқоти судманд анҷом дод.Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои бартараф намудани мушкилу монеаҳои мавҷуда, татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои давлатии вобаста ба рушду тараққиёти ин ноҳияҳои ҷанубии кишвар супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои навсозии роҳҳои мошингард, бо техникаю мошинолоти кишоварзӣ таъмин намудани аҳли заҳмати деҳот, бо таҷҳизоти муосир ва мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.Ба Иттифоқи Тоҷикматлубот дастур дода шуд, ки дар маркази ноҳияи Носири Хусрав бозори калони ноҳиявӣ бунёд намоянд.

Октябрь 12, 2014 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад