Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Кунио Микурия
Душанбе, 01.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия мулоқот кард.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва созмони мазкурро мавриди муҳокима қарор дода, аз сатҳу сифати робитаҳои тарафайн дар давоми ин солҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Тавре ки таъкид шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 узви Созмони ҷаҳонии гумрук буда, ҳамкории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳоди ҷаҳонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






