Мулоқоти Э. Раҳмон бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беш аз 20 нафар аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба кору зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик дар Федератсияи Русия баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, ба кору фаъолияти пурсамари муҳоҷирони кории тоҷик, ки аксари кулли онҳо бо заҳмати бенуқсон ва одобу ахлоқи накуяшон соҳиби обурӯю нуфуз шудаанд, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Федератсияи Русия манфиатдоранд.
Таъкид гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фазои будубош ва кору зиндагии тоҷикон дар Федератсияи Русия бояд дар худи Тоҷикистон омӯзиши забони русӣ ва ҳунаромӯзии касони ба муҳоҷирати корӣ раванда хуб ба роҳ монда шавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди роҳбарони ҷамъиятҳоро доир ба таъсиси як созмони умумирусиягии тоҷикони муқими ин кишвар хуш пазируфта, таъкид дошт, ки тавассути ин созмон бояд фаъолияти тоҷикон хуб ҳамоҳанг карда шавад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тоҷикони муқими ин кишвар минбаъд ҳам омили муҳими таҳким ва густариши робитаҳои судбахши Тоҷикистон ва Федератсияи Русия хоҳанд буд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






