Мулоқоти хоссаи А. Қаҳҳоров бо Н. Патрушев

Октябрь 17, 2014 16:59

 
Душанбе, 17.10.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирўз Котиби Шўрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев бо сафари корӣ ба Душанбе омад. Бегоҳии  рўз дар бўстонсарои  шаҳрии Ҳукумати  мамлакат   мулоқоти  хоссаи Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдураҳим Қаҳҳоров  бо Котиби Шўрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев доир шуд.  Вохўрии навбатии котибони Шўрои амнияти ду давлат идомаи музокироти қаблии ҳайатҳои Тоҷикистону Русия оид ба масоили амният  ба ҳисоб меравад, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Маскав доир гардид. Дар ин мулоқот ва мулоқоти қаблӣ масоили таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти мудофиавӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар доираи вохўрии навбатӣ дар шаҳри Душанбе котибони Шўрои амният ва коршиносони дастгоҳи марказии Шўрои амнияти ду давлат ҳамчунин доир ба  масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Федератсияи Русия вобаста ба татбиқи пешниҳодҳои ҳайатҳо ва таклифҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи амният, масоили амнияти байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи  Афғонистон ва масъалаҳои вобаста ба  ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ   мубодилаи афкор карданд.
 
 
 

Октябрь 17, 2014 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст