Мулоқоти Рустам Назарзода бо Ашита Миттал
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябри соли 2014 мулоқоти директори агентӣ Рустам Назарзода бо роҳбари намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад, баргузор гардид.
Роҳбари агентӣ меҳмонро бо ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, таърих, фаъолият ва сохтори агентӣ шинос намуд. Дар вохӯрӣ Р. Назарзода оид ба вазъият вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, оид ба иҷрои барномаҳои зиддимухаддиротӣ бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо, INL, DEA (ШМА), Хадамоти Федералии Федератсияи Русия оид ба назорати маводи нашъаовар нақл намуд. Зикр шуд, ки дар айни ҳол сохтмони шуъбаҳои агентӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ҷиргатол ва Исфара ба анҷом расида истодааст.
Дар суҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва гузаронидани амалиёти муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки дар якҷоягӣ бо ҳамкорони афғон 239 амалиёти муштарак гузаронида шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 18 тонна маводи нашъаовар мусодира гардид, 52 озмоишгоҳи пинҳонӣ оид ба истеҳсоли героин ошкор ва нобуд гардид, 312 шаҳрванди Афғонистон ва Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт гардид.
Хонум Миттал ба директори агентӣ барои ҳамкории эътимоднок, мустаҳкам намудани ҳамкории муштарак дар заминаи дутарафа ва нуқтаи назари дутарафаи минтақавӣ ба масоили маводи нашъаовар арзи сипос намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти агентӣ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






