Мулоқоти С. Икромов бо Винхас де Соуза-Люсио

Октябрь 21, 2014 10:11

Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Муовини раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов бо намояндагон ва гурӯҳи кории Агентии рейтинги байналмилалии «Moody’s»-ро таҳти роҳбарии таҳлилгар Винхас де Соуза-Люсио вохӯрд. Мақсад аз ташрифи гурӯҳи корӣ муайян намудани рейтинги қарзӣ дар Тоҷикистон ва бахусус дар таърихи молиявии имрӯзу гузаштаи БДА ҶТ «Амонатбонк» буд. 
Дар  вохӯрӣ масъалаи зина ба зина боло рафтани иқтисодиёт, сиёсати қарзӣ ва дурнамои соҳаи бонкдории Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сироҷиддин Икромов дар мавриди фаъолияти бонк дар самтҳои пешниҳоди қарзҳои хурди судманд ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва қабули пасандозҳо маълумоти муфассалро пешниҳод намуда, ҳамзамон зикр намуд, ки нишондиҳандаҳои молиявӣ собит менамоянд, ки бонк бо 75 филиал ва 511 маркази хизматрасонии бонкӣ миёни аҳолӣ мавқеи худро дорад ва ин то ҷое барои назаррас будани натиҷаҳо нақш гузоштааст. 
 Лозим ба ёдоварист, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» имрӯз миёни бозори бонкии кишвар нуфузи худро дошта, ин хизматрасониҳои бонкӣ солҳои тӯлонӣ ба мардум пешниҳод мешаванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти бонк иттилоъ доданд. 
 

Октябрь 21, 2014 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст