Мулоқоти С. Тағойзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон

Октябрь 17, 2014 10:45

Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода 16 октябри соли 2014 бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Федератсияи Русия мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони як силсила сохторҳои таркибии вазорат иштирок намуда, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва паҳлӯҳои гуногуни онро баррасӣ намуданд. 
Тавре ки зикр гардид, имрӯзҳо яке аз сабабҳои асосии мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик — надонистани забони русӣ, таъриху фарҳанг ва қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират мебошад.
 Ёдовар мешавем, ки дар низоми  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» фаъолият дорад, ки хоҳишмандон метавонанд дар курсҳои кӯтоҳмуддат таҳсил намуда, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гарданд. 
Инчунин аз аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ аз ҳисоби кормандони  тамоми низоми вазорат бо мақсади бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил шуданд, ки қарор аст кори ин гурӯҳҳо то  20 октябри соли ҷорӣ идома ёбанд. 
Бино ба иттилои Раёсати муносибатҳои  байналҳалқӣ ва  робита бо ҷомеаи вазорат, дар фарҷоми мулоқот роҳбарони ҷамъиятҳо барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии муҳоҷирон ва ҳимояи ҳуқуқу манфиятҳои онҳо дар қаламрави Федератсияи Русия таклифу пешниҳодҳояшонро ироа намуданд.    

Октябрь 17, 2014 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид