Мулоқоти созанда бо донишҷӯёни ДДХ

Октябрь 14, 2014 10:11

Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар факултаи  тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти сардори раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф  Мирдадоев бо донишҷӯёни ин факулта доир гардид.
Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, Зариф  Мирдадоев роҷеъ ба пешгирии падидаҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва тарбияи солимии ҷомеа сухан гуфта, таъкид кард, ки мутаассифона, бархе ҷавонон даст ба ҷиноят мезананд ва ё худ ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мешаванд, ки ин ҳама аз ноогоҳӣ ва аз надонистани қонунҳои ҷории кишвар аст.
Дилшод Абдуллоев, муовини декан оид ба корҳои илмии факултаи тарбияи ҷисмонӣ  доир ба «Дастовардҳои факултаи тарбияи ҷисмонӣ дар соҳаи варзиш» ҳарф зада, аз ҷумла зикр сохт, ки бо иқдоми Раёсати донишгоҳ дар маҷмааи варзишии Хуррамшаҳр якчанд майдончаи варзишӣ, ба монанди  майдончаи футболи хурд, баскетбол, волейбол, дар хобгоҳҳои донишгоҳ майдончаҳои волейболу баскетбол барои донишҷӯёне, ки бо квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, ба истифода дода шудааст.  
Донишҷуёни факултаи тарбияи ҷисмонӣ дар маҳфилҳои варзишӣ фаъолият карда, натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардиданд. Дар факултаи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ қариб ҳамаи намудҳои  варзиш ва машқварзӣ дар доираи 35 фан фаро гирифта мешаванд. 
 
 

Октябрь 14, 2014 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст