Мулоқоти созанда бо донишҷӯёни ДДХ
Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти сардори раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадоев бо донишҷӯёни ин факулта доир гардид.
Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, Зариф Мирдадоев роҷеъ ба пешгирии падидаҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва тарбияи солимии ҷомеа сухан гуфта, таъкид кард, ки мутаассифона, бархе ҷавонон даст ба ҷиноят мезананд ва ё худ ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мешаванд, ки ин ҳама аз ноогоҳӣ ва аз надонистани қонунҳои ҷории кишвар аст.
Дилшод Абдуллоев, муовини декан оид ба корҳои илмии факултаи тарбияи ҷисмонӣ доир ба «Дастовардҳои факултаи тарбияи ҷисмонӣ дар соҳаи варзиш» ҳарф зада, аз ҷумла зикр сохт, ки бо иқдоми Раёсати донишгоҳ дар маҷмааи варзишии Хуррамшаҳр якчанд майдончаи варзишӣ, ба монанди майдончаи футболи хурд, баскетбол, волейбол, дар хобгоҳҳои донишгоҳ майдончаҳои волейболу баскетбол барои донишҷӯёне, ки бо квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, ба истифода дода шудааст.
Донишҷуёни факултаи тарбияи ҷисмонӣ дар маҳфилҳои варзишӣ фаъолият карда, натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардиданд. Дар факултаи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ қариб ҳамаи намудҳои варзиш ва машқварзӣ дар доираи 35 фан фаро гирифта мешаванд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






