Муовини раиси КМИР дар Минск гузориш медиҳад
Душанбе, 25.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Саидбой Зокиров ҷиҳати иштирок дар конфронси байналмилалии «Раванди интихоботҳо дар фазои ИДМ» ба Минск меравад.
Назар ба иттилои Абдуманнон Додоев, роҳбари дастгоҳи КМИР чорабинии мазкур бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 9 то 12 ноябри соли равон дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи ИДМ, воқеъ дар Минск гузаронида мешавад.
Интизор меравад, ки дар ин конфронс дар радифи намояндагони ИДМ ҳамчунин намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/, коршиносони байналмилалӣ ва сиёсатшиносон иштирок кунанд.
Намояндаи Тоҷикистон дар ин конфронс доир ба системаи интихоботии Тоҷикистон, хусусан доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои интихоботии кишвар, мукаммалии онҳо ва ҷавобгӯ будан ба сатнадартҳои байналмилалӣ гузориш хоҳад дод.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






