Мусоҳибаи Э. Раҳмон бо United World
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии United World мусоҳиба ороста, ба суолҳои онҳо доир ба таърихи муосири Тоҷикистон, аз ҷумла дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва густариши робитаҳо бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ посух дод.Таваҷҷуҳи зиёд ба дастовардҳои фарҳанги сулҳсозии тоҷикон ва татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба бартарафсозии мушкилоти асосии кишвар, аз ҷумла мушкилу монеаҳои энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва ҳамчунин нақши намоёни Тоҷикистон дар таҳкими амнияту субот дар минтақа зоҳир карда шуд.Тавре зикр гардид, United World агентии иттилоотии мустақили байналмилалӣ буда, дорои нашрияҳои чопӣ ва сомонаҳои интернетӣ аст. Сомонаи интернетии unitedworld-usa.com беш аз 40 миллион хонандаи сабтиномшуда дар тамоми ҷаҳон дорад. Тибқи иттилои ин хабарнигорон, Агентии United World аз соли 1991 ба ин сӯй бо доираҳои давлатию хусусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва бисёр кишварҳои ҷаҳон робитаҳои қавии ҳамкорӣ дошта, расонаи иттилоотии муътабару муътамад ба шумор меравад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






