Мусобиқаи баскетбол барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд
Душанбе, 9.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 11-ум то 18-уми октябри соли равон мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди баскетбол гузаронида мешавад.
Мусобиқаи мазкур бахшида ба рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.
Дар мусобиқа аз 11-ум то 14-уми октябр донишҷӯдухтарон ва аз 15-ум то 18-уми октябр донишҷӯписарон байни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






