Набераи З.Шаҳидӣ — ҷоизи озмуни ҷаҳонӣ
Душанбе, 09.10.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). – Чанд рӯз пеш дар шаҳри Санкт – Петербург натиҷаи Озмуни ҳаштуми кушодаи бастакорон ба номи Андрей Петров, ки дар он набераи бастакори машҳури тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ Фарангис Нурулло ҷойи фахрии сеюмро ишғол намуд, ҷамъбаст гардид.
Ёдовар мешавем, ки Фарангис Нурулло дар консерт таҳти унвони «Падарам», ки бо ҳамовозии саксофон ва оркестри симфонӣ доир гардид, мукофоти сеюмро ба даст овард.
Ба озмун 120 дархост аз 32 шаҳри Русия ва 6 кишвари хориҷӣ расида буд. Пирӯзии Фарангис Нурулло дар ин озмуни ҷаҳонӣ тӯҳфаи хубест ба ҷашни 100- солагии зодрӯзи бастакори номӣ Зиёдулло Шаҳидӣ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






