Намоиши Театри лухтаки Новосибирск дар Душанбе
Душанбе, 2.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 8-ум то 17-уми октябри соли равон ҳайати эҷодии Театри вилоятии лӯхтаки шаҳри Новосибирск бо сафари хизматӣ ба Душанбе меояд.
Тавре ки аз Театри лӯхтаки Тоҷикистон хабар доданд, барномаҳои ҳунарии ҳайати кормандони ин театр дар Театри лӯхтаки Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешаванд.
Гуфта мешавад, ки аз 8-ум то 17-уми октябр ҳамарӯза ду се намоиш пешкаши бинандагон ва дустдорони санъати волои театр гардонида мешавад.
Зимни сафар намоишномаҳои «Саргузаштҳои ҷангалӣ» ва «Харгӯш, рӯбоҳ ва хурӯс» ба намоиш гузошта мешаванд.
Дар интиҳои сафари хизматии ҳайати Театри вилоятии Новосибирск гузаронидани маҳфилҳои омӯзишӣ барои бинандагон низ дар назар дошта шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






