Нашри маърӯзаи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Маърӯзаи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои январ-сентябри соли 2014 аз чоп баромад
Нашрияи ҳармоҳаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи иттилооти таъҷилиро оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодӣ барои моҳи охири ҳисобот ва аз аввали сол дар бар мегирад.
Дар нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ тамоюл аз рӯи моҳҳои соли ҷорӣ ва гузашта оварда мешавад. Агентии омор гузоришро дар асоси маълумотҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамояд.
Дар гузориш оид ба соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолот, нақлиёт ва алоқа, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, нарх, молия, бозори меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ иттилооти васеъ пешниҳод шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






