Натиҷаҳои интихобот дар Украина
Душанбе,29.10.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии www.rg.ru сокинони Украина баъди як соли бебандубориҳои сиёсӣ ва чандин моҳи ҷангҳо бо ҷудоиталабони Русия дар шарқ дубора ба по мехезанд. Гуфта мешавад, ки интихоботи порлумонии Украина рӯзи 26 октябри соли равон бо пирӯзии бечунучарои аҳзоби рӯ ба Аврупо анҷом ёфт. Душанбе, 29.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар натиҷаи таркиши ду бомба дар Ироқ 34 нафар ба ҳалокат расид ва чанд каси дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Гуфта мешавад, ки таркиш дар ноҳияи умдатан шианишини Каррода дар Бағдод ба амал омадааст.Душанбе,29.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои раиси Бонки миллии Қазоқистон Кайрат Келимбетов ба васоити ахбори оммаи кишвараш аз мардум даъват кардааст, ки дар бораи поин рафтани арзиши танга ё таварруми он ба сару садоҳои дурӯғ бовар накунанд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар давоми ду ҳафтаи охир дар бозори табодули пули Қазоқистон бештар аз 2 миллиард доллар ба фурӯш рафтааст. Душанбе,29.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Булғористон аз сабаби бориши шадиди барф ва сардии ҳавои кишвар як нафар ба ҳалокат расидааст. Барои бартараф кардани оқибатҳои барфрезӣ 500 нафар корманди ниҳоди дахлдор сафарбар гардид. Дар ҳамин ҳол дар шаҳрҳои София ва Троян 30 ҳазор нафар бошанда аз истифодаи неруи барқ бебаҳра мондааст. Душанбе,29.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар пойтахти Аргентина- шаҳри Буэнос-Айрес ва дигар минтақаҳои он гармии тоқатфарсо ҳукмфармо мебошад. Дар дигар музофотҳои кишвар ҳарорати ҳаво аз 35 дараҷа низ боло рафтааст. Мувофиқи маълумоти расида, дар шаҳри Сантяго-дел-Эстеро ҳарорати ҳаво ба 42-45 дараҷа расидааст. Тибқи маълумоти ҳавошиносон ин авзоъ дар кишвар барои чанд рӯзи дигар боқӣ хоҳад монд.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






