Натиҷагирӣ аз фаъолияти нӯҳмоҳаи Вазорати мудофиа

Октябрь 27, 2014 11:54

Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи гузашта дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти қисму воҳидҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои тобеи ин ниҳоди қудратӣ дар давоми 9 моҳи соли равон ҷамъомад доир гардид. Дар ҷамъомад натиҷаҳои фаъолияти Вазорати мудофиа вобаста ба омодагии ҷангӣ, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва тайёриҳо ба давраи зимистон баррасӣ гардида, доир ба ин масъалаҳо сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа, фармондеҳони навъҳои қӯшунҳо ва дигар роҳбарони раёсатҳои дахлдори Вазорати мудофиа гузориш доданд.Аз ҷумла талаб шуд, ки ҳар як масъули раёсати дастгоҳи марказиву Ситоди генералӣ, фармондеҳони навъҳои Қӯшуни Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, командирони ҷузъу томҳо, комиссарони ҳарбӣ ва дигар ашхоси дахлдори ин ниҳоди қудратӣ дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ бо масъулияти баланд муносибат намоянд ва баҳри баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар, пойдории фазои сулҳу суботи мамлакат ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум талош намоянд.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа иттилоъ доданд.

Октябрь 27, 2014 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад