Неъматҳои офаридаи Холиқи ягонаро оқилона истифода бояд кард
Душанбе, 27.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар ҳудуди кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ қариб 70 %-и захираи нафт ва 50 %-и захираи ҷаҳонии газ мавҷуд аст. Ин омил аз мавқеи муҳим доштани кишварҳои ин созмони бонуфузи молиявии исломӣ шаҳодат медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27 октябр дар ҷараёни суханронияш дар Форуми якуми сармоягузорӣ, ки дар доираи Нақшаи амали Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе оғоз гардид, гуфт: «Мо умедворем, ки нақши Созмони Ҳамкории Исломӣ дар таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои исломӣ ва рушди устувори мамлакатҳои аъзои он рӯз аз рӯз зиёд шуда, ба афзоиши саҳми муштараки онҳо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард».
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронии пурмӯҳтавояш таъкид кард, ки Холиқи ягона тамоми неъматҳо — об, замин, наботот, маъданҳо, сӯзишворӣ, неруи зеҳниву ҷисмонӣ ва дигарҳоро ба мо насиб гардонидааст. Ва Худои таъоло бар дӯши мову шумо масъулиятеро вогузоштааст, ки тавассути истифодаи самараноку оқилонаи ин неъматҳо рушд ва зиндагии шоистаро барои ҳар як кишвари исломӣ ва ҳар хонадони мусулмон таъмин намоем, афзуд Э. Раҳмон. Ба андешаи Президенти Тоҷикистон хуб мешуд сармоягузории кишварҳои аз лиҳози молиявӣ неруманди исломӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории мамлакатҳои камдаромади мусулмонӣ сафарбар шавад. Чун Худои таъоло дар ояти 2-и сураи Моидаи Қуръони маҷид фармудааст, ки: “Ва бар накӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам ба якдигар мадад накунед”.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






