Нигаронии Президент аз афзоиши воситаҳои нақлиёти шахсӣ

Октябрь 20, 2014 11:24

       Душанбе, 20.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Теъдоди воситаҳои нақлиёти шахсии сокинони Душанбе дар соли 2013 беш аз 57 ҳазор ададро ташкил додааст, ки ин омор дар қиёс бо соли 2004 қариб  ду баробар зиёд аст. Ҳол он ки дар тӯли 73 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон 75 ҳазор адад нақлиёт ворид шуда буд. 
        Дар ин росто Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронияш дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 90-солагии Душанбе  аз афзоиши шумораи нақлиёти шахсӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст, ки дар баъзе мавридҳо бинобар норасоии нақлиёти мусофирбар ва танзими нокифояи ҳаракати воситаҳои нақлиёт сокинони пойтахт ба мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ин рӯ Сарвари давлат таъкид кард, ки масъалаи мазкур бояд аз ҷониби сохторҳои марбута назорат ва танзим шавад, то бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва амнияти сокинону меҳмонони пойтахт таъмин гардад.  Дар робита ба ин Сарвари давлат ба шаҳрдории Душанбе дастур дод, ки  ҷиҳати  бунёди истгоҳҳои шабонарӯзӣ барои воситаҳои нақлиёт, васеъ намудани роҳу пулҳо ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо, инчунин таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёти ҷамъиятӣ тадбирҳои муассир андешанд.  

Октябрь 20, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад