Оғоз бахшидан ба сохтмони мактаби нави замонавӣ дар маркази ноҳияи Қубодиён
Душанбе, 7.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази ноҳияи Қубодиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 640 хонанда дар 2 баст оғоз бахшид.
Тавре зикр гардид, ин мактаб тайи 1,5 соли оянда бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.
Мактаби нав аз бинои таълимӣ, толори варзишӣ, майдони футбол, толори маҷлисӣ, ошхона, синфхонаю озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои фанҳои дақиқ, дарсҳои забономӯзӣ ва ҳунаромӯзии духтарону писарон иборат хоҳад буд.
Дар паҳлӯи мактаб барои омӯзгороне, ки аз дигар минтақаҳо ба кор ҷалб карда мешаванд, хобгоҳ сохта мешавад.
Дар паҳлӯи мактаб ҳамчунин бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия бо тарҳи зебои замонавӣ бунёд хоҳад ёфт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






